Се нафар мусофирони мошини ба дарёи Варзоб фурӯрафта наҷот дода шуданд
Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷони се нафарро, ки дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар дарёи Варзоб ғарқ шуда буданд, наҷот доданд.
Ҳодисаи мазкур дирӯз дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рух додааст. Ронандаи мошини мутааллиқ ба корхонаи Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Варзоб ҳангоми интиқоли партовҳо, аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, бо се мусофир ба дарё фурӯ меравад.
Кормандони Маркази наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки саривақт ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, се ғарқшударо зинда аз дарё берун бароварданд.
Дар айни замон корҳои аз дарё ба соҳил кашидани мошини боркаш идома доранд.
Маврид ба ёдоварист, ки давоми шаш моҳи сипаришуда кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 44 нафарро аз хатар наҷот доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






