Шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба кумаки кормандони Хадамоти муҳоҷират ниёз доранд
Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба кумаку дастгирӣ ва маслиҳатҳои муфиди кормандони шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе»-и раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ниёз доранд, иттилоъ доданд аз Хадамоти мазкур.
Дар ҳар як вохӯрӣ бо сокинони кишвар доир ба хатарҳои шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа, воридшавӣ ба кишвари қабулкунанда, тарзу роҳҳои гирифтани патент, дастрас намудани полиси суғуртаи тиббӣ, гирифтани маълумотномаи тиббӣ доир ба надоштани касалиҳои сироятӣ ва тарзи супоридани тест дар марказҳои тестсупории Федератсияи Русия ва шаҳри Душанбе, ки ҳуқуқи додани сертификат доранд, маълумот пешниҳод карда мешавад.
«Яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, ки моро дар ташвиш овардааст, ин аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ надонистани қонунҳои амалкунанда ва ба қадри кофӣ надонистани забони русӣ мебошад. Дар айни замон аз тарафи кормандони шуъба ба ҳамаи муроҷиаткунандагон маълумот дар бораи қонунгузории Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират, будубоши онҳо дар асоси талаботи қонунгузории Федератсияи Русия тавсияҳо дода мешаванд»,-зикр намуд манбаъ.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






