Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ: 83 нафар бо гумони кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ боздошт гардиданд
Душанбе, 21.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2016 дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои қудратӣ ва дар алоҳидагӣ ҳамагӣ 695 кг 732 гр маводи нашъаовар, аз ҷумла 11 кг 54 гр героин, 91 кг 448 гр афюн ва 592 кг 744 гр маводи гурӯҳи каннабис, 490 дона доруи мадҳушкунандаи экстаз аз қочоқчиёни афғон мусодира намуда, 363 494 бех ниҳоли банги ҳиндиро сӯзонида нобуд карданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, дар ҷаласа оид ба натиҷаҳои хизматӣ-ҷангии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар нимсолаи аввали соли 2016 зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ пешгирии кӯшиши вайронкунии сарҳади давлатӣ 83 нафар, вайронкунандагони низоми сарҳади давлатӣ 121 нафар, вайронкунандагони реҷаи сарҳади давлатӣ 66 нафар, вайронкунандагони сарҳади давлатӣ 151 нафар, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 108 нафар ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон 14 нафар боздошт карда шудаанд.
Сарҳадчиён дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ 29 амалиёти махсус гузарониданд, ки 12-тои он бо кормандони КДАМ ҶТ мебошад.
Инчунин дар нимсолаи аввали соли 2016 дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо қочоқчиён ва вайронкунандагони хати сарҳади давлатӣ 15 маротиба задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омадааст, кӯшиши убури хати сарҳад 7 маротиба пешгирӣ карда шуда, 13 нафар қочоқчиён дастгир шудаанд, 7 нафар вайронкунадагони хати сарҳад ва нашъаҷалобон нобуд карда шуда, 2 нафар захмдор шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ сарҳадчиёни тоҷик 19 яроқи оташфишон, 415 дона лавозимоти ҷангӣ, 297 кг маводи тарканда дарёфт ва мусодира намудаанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






