Танзими ҷашну маросимҳо дар вилояти Суғд: 79 ҳолати қонуншиканӣ ошкор шуд

Июль 21, 2016 08:24

Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Дар нимсолаи аввали соли равон баҳри назорати иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шӯъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ниҳодҳои марбута рейдҳои муштарак гузаронид.
Бино ба иттилои Сӯҳроб Рустамзода, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар натиҷаи рейдҳои муштарак 79 ҳолати қонуншиканӣ ошкор шудааст. Аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан ва Исфара  15 ҳолатӣ, Бобоҷон Ғафуров  9, Панҷакент 7, Хуҷанд  5, дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ, Гулистон, Мастчоҳ, Спитамен, Шаҳристон, Ҷаббор Расулов аз 1 то 4 ҳолатӣ  ба қайд гирифта шудааст.

Июль 21, 2016 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд