Тими миллии футболи Тоҷикистон бо Сурия ва Туркманистон бозии дӯстона барпо мекунад
Душанбе, 16.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Федератсияи футболи мамлакат барои бозиҳои дӯстонаи тими миллии кишварамон бо садрнишинони футболи Ҷумҳурии Сурияи Араб ва Туркманистон ба тавофуқ расиданд. Ба ҳамин тартиб футболбозони мо бо дастаи мунтахаби Сурия 27-уми августи соли равон дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд, ки 25 000 тамошобин мебарад, қувва месанҷад.
Тими мунтахаби Сурия муборизаро барои роҳхат ба бозиҳои Ҷоми ҷаҳони соли 2018, ки дар Русия мегузарад, идома медиҳад ва 1 сентябр дар ин самт бо тими мунтахби Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд вориди рақобат мешавад. Тибқи радабандии нави FIFA Сурия дар мақоми 104 ҷойгир шудааст.
Вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Туркманистон 9 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе гузаронида хоҳад шуд. Туркманистон дар зинаи 120-уми таснифоти FIFA қарор дорад.
Тавре пештар хабар дода будем, миллипӯшони кишварамон 6 сентябр бо тими мунтахаби Фаластин дар сафар ва 3 октябр дар шаҳри Душанбе ду бозии дӯстонаю таҷрибавии худро баргузор менамоянд.








Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад






