Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар бахши ҳавопаймоӣ тавсеа мебахшанд
Душанбе, 29.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар соҳаи ҳавонавардӣ тақвият мебахшанд. Дар ин росто дар Теҳрон мулоқоти Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода бо сардори Идораи ҳавонавардии мулкии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Обидзода доир гардид.
Дар мулоқот масоили вобаста ба сатҳи кунунии равобити дуҷониба дар бахши иртибототи ҳавоӣ баррасӣ шуданд. Мусоҳибон доир ба зарфиятҳо ва имконоти мавҷуда дар бахши ҳавонавардӣ ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар ин самт табодули назар карданд.
Дар мулоқот ҳамзамон намояндаи тозатаъйингардидаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» дар Эрон Фаррух Акобиров муаррифӣ гардид.
Лола Кенҷаева сардори маркази матбуоти ҶСК «Тоҷик Эйр» мегӯяд, ки алҳол дар Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Эрон ва Чин намояндагиҳои «Тоҷик Эйр» фаъолият доранд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






