Юсуф Акрамзода, роҳбари КВДҶ «Тоҷикагролизинг» «Хоҷагиҳои деҳқонӣ ба техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ эҳтиёҷ доранд»
Душанбе, 27.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дар айни ҳол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 100 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мавҷуданд, ки онҳо ба техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ эҳтиёҷ доранд. Талабот ба техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ 4,6 млрд. сомонӣ (731 млн. доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад. Тибқи меъёрҳои муайянгардида, дар ҷумҳурӣ 18331 адад тракторҳои универсалӣ ва шудгоркунанда, инчунин 1773 адад комбайнҳои ғалладарав намерасанд»,- зикр намуд Юсуф Акрамзода, роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» имрӯз дар нишасти матбуотӣ.
Тибқи иттилои роҳбарияти ин ниҳод, корхона дар давраи фаъолияти худ бо таҳвилкунандагон барои ворид намудани техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ зиёда аз 200 шартнома ба имзо расонида,
аз давраи таъсис то имрӯз 1169 адад техника ба маблағи 132, 6 млн. сомонӣ, 1713 адад таҷҳизот ба маблағи 22,4 млн. сомонӣ дар маҷмӯъ ба маблағи 155 млн. сомонӣ техника ва таҷҳизот ворид намудааст.
Тавре, ки дар маълумотномаи корхона омадааст, Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 48 маркази хизматрасонии техникӣ, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 19, дар вилояти Суғд 11, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 10 марказ таъсис додааст, ки ба хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ва секторҳои хусусӣ кумакҳои техникӣ мерасонанд.
«Дар марказҳои хизматрасонӣ тамоми навъҳои техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маблағи 26,9 млн сомонӣ (4.7 млн. доллари амрикоӣ) мавҷуданд, ки онҳо то имрӯз ба маблағи 7 млн. сомонӣ тамоми хизматрасониҳоро аз шудгори замин то ҳосилғундорӣ анҷом додаанд»,- илова намуд Юсуф Акрамзода.
КВДҶ «Тоҷикагролизинг» бо зиёда аз 1030 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) оид ба гузаронидани амалиёти иҷораи молиявӣ (лизингӣ) бо мақсади таъмин намудани секторҳои хусусӣ новобаста аз шакли моликияташон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ бо захираҳои зарурии техникӣ корҳои назаррас анҷом дода, шартномаҳои лизингӣ ба имзо расонидааст.








БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд






