Барнома-роҳнамои Форуми 12-уми байналмилалии исломии иқтисодӣ (12th World Islamic Economic Forum) дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Август 9, 2016 11:42

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Ӯ  солҳои 1971 – 1974 дар Флоти уқёнуси Ором хизмати ҳарбӣ карда, пас аз адои он дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара ба фаъолият шурӯъ намудааст.

Соли 1982 факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд. Аз соли 1987 то соли 1992 ба ҳайси Раиси савхози Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.

Соли 1990  Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид. Худи ҳамон сол Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Пас аз 5 сол 6 ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт.

Дар тӯли бист соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ — артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид.

Ҳамин тавр, хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, барқарор сохта, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дод. Барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт. Ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид, Конститутсияи нави Тоҷикистонро эҷод кард. Ҷиҳати 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохт, сулҳи тоҷиконро ба даст овард, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст. Заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшид, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуд.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

Август 9, 2016 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат тавсия медиҳад, ки аз сафар ба қаламрави Русия муваққатан худдорӣ намоянд
«Ширкати сармоягузории Озарбойҷон» бо «ТАЛКО» ҳамкорӣ менамояд
Дар Риёз масъалаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти маориф ва илм баррасӣ гардид
Шаҳрҳои Душанбе ва Боку дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Бангкок иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми маблағгузории соҳаи рушд дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Дар Москва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид