Баррасии дурнамои рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СБМ дар соҳаи муҳоҷират

Август 25, 2016 08:37

Душанбе, 25.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 24 август Директори минтақавии Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Ҷанубу Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ хонум Аргентина Сабадошро ба ҳузур пазируфт. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СБМ дар соҳаи муҳоҷират, амалисозии барномаву лоиҳаҳои муштарак ва нақшаҳои минбаъдаи созмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо инчунин дар атрофи масъалаҳои марбут ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ҳуқуқ ва масъулияти муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳимояи иҷтимоии онҳо табодули назар карданд.

Август 25, 2016 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд