Даври ниҳоии «Андалеб-2016» бо намоиши ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз мешавад
Душанбе, 10.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 12 августи соли равон дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Фестивал-озмуни «Андалеб-2016» бо намоиши барномаи консертӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз мегардад.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, он рӯз намоиши ҳунарҳои мардумӣ соати 16:30 ва барномаи консертии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе соати 18:00 пешкаши тамошобинон мегардад.
«Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои консертии 10 шаҳру навоҳии кишвар, ки ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтаанд, то 21 август идома хоҳад ёфт. 23 август Фестивал-озмуни «Андалеб-2016» бо намоиши гулчини барномаҳои ҳунарии ҳамаи шаҳру навоҳӣ ҷамъбаст мегардад», — илова намуд манбаъ.








Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






