Мусобиқаи футбол байни ташкилоту муассисаҳои Конибодом бахшида ба 25-солагии Истиқлолият
Конибодом, 16.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли фарди солим ва бо мақсади рушди соҳаи варзиш бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом байни ташкилоту муассисаҳо мусобиқаи футбол оғоз гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд, маросими ифтитоҳи мусобиқа 15 август дар варзишгоҳи дохили боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳр баргузор шуд.
Дар рӯзи нахустини мусобиқа дастаи футболбозони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо дастаи ҷамоати деҳоти Патар бозӣ карда, бо ҳисоби 5:2 ғолиб шуданд. Инчунин дастаи футболбозони соҳаи тандурустии шаҳр бар дастаи Раёсати молия бо ҳисоби 5:1 ғолиб гардиданд. Дастаи футболбозон аз ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов бо дастаи кумитаи замин мусобиқа карда, бо ҳисоби 4:2 ғолиб шуд. ШВКД дар шаҳри Конибодом бо Раёсати маорифи шаҳр бозӣ карда, бо ҳисоби 4:3 ғолиб гаштанд.
Бозии футбол байни дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Конибодом идома дорад.