Мусобиқаи футбол байни ташкилоту муассисаҳои Конибодом бахшида ба 25-солагии Истиқлолият

Август 16, 2016 14:59

   Конибодом, 16.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли фарди солим ва бо мақсади рушди соҳаи варзиш  бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом байни ташкилоту муассисаҳо мусобиқаи футбол оғоз гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд, маросими ифтитоҳи мусобиқа 15 август дар варзишгоҳи дохили боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳр баргузор шуд.
Дар рӯзи нахустини мусобиқа дастаи футболбозони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо дастаи ҷамоати деҳоти Патар бозӣ карда, бо ҳисоби 5:2  ғолиб шуданд. Инчунин дастаи футболбозони соҳаи тандурустии шаҳр бар дастаи Раёсати молия бо ҳисоби 5:1 ғолиб гардиданд. Дастаи футболбозон аз ҷамоати деҳоти ба номи Ғ.Ортиқов бо дастаи кумитаи замин мусобиқа карда, бо ҳисоби 4:2 ғолиб шуд. ШВКД дар шаҳри Конибодом бо Раёсати маорифи шаҳр бозӣ карда, бо ҳисоби 4:3 ғолиб гаштанд.
Бозии футбол байни дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Конибодом  идома дорад.

Август 16, 2016 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»