Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ: Шаҳраки Ғармро шаҳраки беҳтарин номиданд
Рашт, 29.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҷамоати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт дар даври ноҳиявии Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавӣ сазовори ҷойи аввал гардид.
Шаҳраки Ғарм- маркази ноҳияи Рашт соли 1931 ташкил шудааст ва масоҳати 683 гектарро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди шаҳрак зиёда аз 70 ташкилоту муассиса ҷойгир буда, 1375 хоҷагӣ ва 8110 нафар аҳолӣ дар 22 кӯча фаъолият ва зиндагии орому осуда доранд. Кӯчаи марказии шаҳрак ба номи Исмоили Сомонӣ мебошад. Аҳолии шаҳраки Ғарм бо муҳаббати беандоза ва шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо бо рӯҳияи баланди созандагӣ ва ҳисси ифтихор аз ватану ватандорӣ барои сазовор таҷлил намудани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд доранд. Корҳои ободониву созандагӣ дар ҳудуди шаҳрак бахшида ба ин санаи таърихӣ бо суръат идома дошта, то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ 16 иншооти муҳими хоҷагии халқ бо иштироки меҳмонони олиқадри ҷумҳурӣ ба истифода дода мешаванд. Дар он сурат 275 нафар мардуми маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Аҳолии шаҳраки Ғарм ба кишоварзию чорводорӣ ва занбӯрпарварию соҳибкорӣ машғул мебошанд.
Раиси ҷамоати шаҳраки Ғарм Муминшо Қаюмов иброз намуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷумҳурӣ барои муайян намудани меҳнату заҳмати шаҳрвандони ҷумҳурӣ оид ба ободкорию созандагӣ ва дӯст доштани ватану диёру миллати шарафмандамон ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрвандон Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавӣ баргузор гардид.
Дар натиҷаи хулосаи ҳакамон шаҳраки Ғарм дар ноҳия сазовори ҷойи аввал дониста шуд, ки айни замон дар сатҳи ҷумҳурӣ барои ба даст овардани ҷойи аввал кӯшиш доранд.
Сокинони ҷамоати шаҳраки мазкур сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, онро ҳамчун роҳнамои зиндагӣ истифода менамоянд. Далели ин гуфтаҳо ободкориву созандагӣ ва дастовардҳои 25 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки ин ҳама аз баракати ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.













16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






