Пан Ги Мун: «Ман пешгомӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати пешбурди мақсади рушди устувор оид ба об ва беҳдошт дар ҷаҳон дар сатҳи баланд арзёбӣ мекунам»

Август 10, 2016 09:59

Душанбе, 10.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Ман пешгомӣ  ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати пешбурди мақсади рушди устувор оид ба об ва беҳдошт дар  ҷаҳонро  дар сатҳи баланд арзёбӣ  мекунам»,- гуфта шудааст дар барқияи табрикотии Дабири кулли СММ Пан Ги Мун, ки онро муовини Дабири кулли СММ Гян Чандра Ачария дирӯз ба иштирокдорони Симпозиуми байналмилалии «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» ироа намуд.
Дар барқияи табрикотии Дабири кулли СММ ҳамчунин омадааст: «Дар барномаи рушди устувор зикр гардидааст, ки дастрасии  ҳамагон ба хизматрасониҳои асосӣ, аз ҷумла ба обу беҳдошт таъмин карда хоҳад шуд. Дар  амал пиёда намудани ин нақша муносибати ҳамаҷонибаи ба принсипҳои ҳуқуқи  инсон асосёфтаро тақозо менамояд. Ҳадафи шашуми рушди устувор умеду орзуҳои  ҷомеаи ҷаҳониро ба як  экосистемаи солим барои ояндаи босубот ифода мекунад».
Муовини Дабири кулли СММ Гян Ачария зимни суханрониаш ба  Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон  барои ташаббуси саривақтӣ  оид ба  масъалаҳои об  изҳори сипос намуд.
Хотиррасон мекунем,  ки Симпозиуми байналмилалӣ имрӯз кори худро идома хоҳад дод. Дар он намояндагони ҳукуматҳо ва роҳбароне, ки дар мавриди истифодаи захираҳои об метавонанд қарор қабул кунанд, коршиносон аз созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, намояндагони доираҳои академӣ, илмӣ ва соҳибкорӣ, ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ  иштирок доранд.
Дар маҷмӯъ, дар ин Симпозиум зиёда аз 700 нафар меҳмонон аз 90 кишвари олам, 47 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СҲШ, ИДМ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва ғайра  ширкат меварзанд.

Август 10, 2016 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад