Рашт: Курси такмили ихтисос барои кормандони китобхонаҳо ташкил карда шуд
Душанбе, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 22 августи соли равон як гурӯҳ кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини директор Гадобек Маҳмудов ҷиҳати баргузории курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисоси китобхонаҳои давлатӣ ба минтақаи Рашт сафарбар карда шуданд.
Мақсади сафари хизматӣ- ин гузаронидани машғулиятҳо оид ба иҷрои бандҳои дахлдори Барномаи курсҳои сайёри кӯтоҳмуддати «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ» барои кормандони китобхонаҳои оммавӣ-давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буд.
Дар курсҳои кӯтоҳмуддат мудирон ва кормандони китобхонаҳо аз ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Нуробод ва Тоҷикобод иштироки фаъолона карда, соҳиби сертификати Китобхонаи миллии Тоҷикистон гардиданд.