Рашт: Курси такмили ихтисос барои кормандони китобхонаҳо ташкил карда шуд

Август 24, 2016 14:46

 Душанбе, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 22 августи соли равон як гурӯҳ кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини директор Гадобек Маҳмудов ҷиҳати баргузории курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисоси  китобхонаҳои давлатӣ ба минтақаи Рашт  сафарбар карда шуданд.
Мақсади сафари хизматӣ- ин гузаронидани машғулиятҳо  оид ба иҷрои бандҳои дахлдори Барномаи курсҳои сайёри кӯтоҳмуддати «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ» барои кормандони китобхонаҳои оммавӣ-давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буд.
Дар курсҳои кӯтоҳмуддат мудирон ва кормандони китобхонаҳо аз ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Нуробод ва Тоҷикобод иштироки фаъолона карда, соҳиби сертификати Китобхонаи миллии Тоҷикистон гардиданд.

Август 24, 2016 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»