Робитаҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ рушд меёбанд
Душанбе, 17.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кумаку дастгириҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз рушди босуботу бонизоми иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон тайи солҳои охир ва ба хусус, пас аз боздиди расмии навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин кишвар, ки моҳи январи соли 2016 ҷараён гирифта буд, густариш меёбад.
Кумаку дастгирии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ асосан тавассути Сандуқи Саудии Рушд ва Маркази шоҳ Салмон доир ба кумакҳо ва фаъолияти башардӯстона сурат мегирад.
Аз Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки рӯзҳои 11-13 августи соли 2016 як гурӯҳи масъулон аз Маркази шоҳ Салмон доир ба кумакҳо ва фаъолияти башардӯстонаи Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии муҳандис Аҳмад ибн Алӣ Ал-Без ба Тоҷикистон ташриф оварда, роҳҳои татбиқи тасмимҳои қаблан ҳосилшударо бевосита баррасӣ намуданд.
Намояндагони маркази номбурда бо роҳбарону масъулин ва мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба расонидани кумакҳо дар самти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирӣ аз хавфи обхезии ҳавзаи дарёи Панҷ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва таҷдиди маркази таълимии наҷотдиҳандагон дар мавзеи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринавро баррасӣ намуданд.
Намояндагони Маркази шоҳ Салмон доир ба кумакҳо ва фаъолияти башардӯстона ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва мавзеи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав рафта, бо вазъи селпартои Чубекча ва садди соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили рости дарёи Панҷ ва таҷдиди маркази таълимии наҷотдиҳандагон дар Қаратоғ бевосита шинос шуданд.
Маркази шоҳ Салмон доир ба кумакҳо ва фаъолияти башардӯстонаи Арабистони Саудӣ барои расонидани кумаки молиявӣ дар роҳи анҷом додани ин корҳо тасмим гирифтааст.
Расондани кумак ба мардуми аз офатҳои табиӣ зарардидаи вилояти Бадахшон, гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт ва дигар шаҳру ноҳияҳо самти дигари ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази шоҳ Салмон доир ба кумакҳо ва фаъолияти башардӯстона аст.
Мавриди зикр аст, ки чанде қабл Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо мудири иҷроияи Маркази шоҳ Салмон доир ба кумакҳо ва фаъолияти башардӯстона Моҳир Абдурраҳмон ал-Хадровӣ мулоқот намуда, роҳҳои густариши ҳамкориро баррасӣ намуда буд.
Хотиррасон бояд намуд, ки Маркази шоҳ Салмон доир ба кумакҳо ва фаъолияти башардӯстонаи Арабистони Саудӣ барои марҳилаи аввали ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, мустаҳкамсозии соҳилҳои осебпазири рӯду дарёҳо ва омодасозии касбии наҷотдиҳандагон барои Тоҷикистон 10 миллион доллари амрикоӣ ҷудо менамояд.








Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии парасторон дар шаҳри Мадрид иштирок намуд
Дар Душанбе рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо Раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид
Масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар соҳаи иқтисод баррасӣ гардиданд
Дар Анқара рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Ҷаласаи раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Дар шаҳри Берлин муколамаи сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Олмон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо мудири кулли Вазорати корҳои аврупоӣ ва хориҷии Австрия мулоқот намуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ киҳо иштирок карда наметавонанд?
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея дар соҳаи маориф иштирок намуд






