Ҳунарнамоии санъаткорони тоҷик дар Фестивали «Хуршеди Шарқ» дар Москва
Душанбе, 10.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар боғи фароғатии Соколникии шаҳри Москва якумин Фестивали фарҳангҳои миллӣ таҳти унвони «Хуршеди Шарқ» дар доираи ҳамкориҳои судманди бахши фарҳангии шаҳрдории Москва бо намояндагиҳои кишварҳои гуногун, аз ҷумла Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳунармандони зиёда аз 15 давлати дунё, аз ҷумла 37 ансамблҳои рақсӣ ва сарояндагони зиёд ширкат варзиданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Фестивал ромишгарону сарояндагони тоҷик, аз ҷумла ансамбли «Гулчин» бо роҳбарии Фарҳоди Зувайдулло, Ноҳид Зайналпур ва Манзура Акрамова муаррифӣ намуданд.
Тавре ки аз Хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР иттилоъ доданд, санъаткорони тоҷик аз рӯи 5 навъи жанри мусиқӣ ҳунарнамоӣ карда, тавассути маҳорати волои худ фарҳанги ғанию волои тоҷиконро ба тамошобинон муаррифӣ намуданд, ки аз ҷониби сокинон ва меҳмонони шаҳри Москва хуш пазируфта шуд.


















Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






