Вазири нақлиёти ҶТ: «18 лоиҳаи инвеститсионӣ бо маблағи 655,3 млн. доллари ИМА мавриди амалишавӣ қарор дорад»
Душанбе, 02.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дар комплекси нақлиёт 18 лоиҳаи инвеститсионии мухталиф бо маблағи умумии 655,3 млн. доллари ИМА мавриди амалишавӣ қарор дорад. Азнавсозии роҳҳои мошингарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаи Ш. Шоҳин-Шоҳон, Восеъ- Ховалинг ва сохтмони пулҳо ва нақбҳо дар роҳи оҳани Душанбе- Хатлон, қитъаи Ваҳдат- Ёвон, аз ҷумлаи лоиҳаҳое мебошанд, ки анҷоми корҳои сохтмонии онҳо дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст»,-иброз намуд вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода зимни нишасти матбуотӣ.
Ба иттилои вазир, инчунин корҳои сохтмонию азнавсозӣ дар якчанд иншооти нақлиётии барои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ муҳим, аз қабили азнавсозии роҳҳои мошингарди Душанбе- Турсунзода (аз ҳайкали Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе), таҷдиди роҳи мошингарди Хуҷанд- Исфара, беҳтар намудани инфрасохтори Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе ва таҳиякунии АТИ роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа идома доранд.
Ҳоло 1618 нафар мутахассисон, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ба ҷараёни татбиқи лоиҳаи инвеститсионӣ ҷалб гардидаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






