Вазири нақлиёти ҶТ: «18 лоиҳаи инвеститсионӣ бо маблағи 655,3 млн. доллари ИМА мавриди амалишавӣ қарор дорад»

Август 2, 2016 08:32

Душанбе, 02.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.  «Дар комплекси нақлиёт 18 лоиҳаи инвеститсионии мухталиф бо маблағи умумии 655,3 млн. доллари ИМА  мавриди амалишавӣ қарор дорад. Азнавсозии роҳҳои мошингарди Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаи Ш. Шоҳин-Шоҳон, Восеъ- Ховалинг ва сохтмони пулҳо ва нақбҳо дар роҳи оҳани Душанбе- Хатлон, қитъаи Ваҳдат- Ёвон, аз ҷумлаи лоиҳаҳое мебошанд, ки  анҷоми корҳои сохтмонии онҳо дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст»,-иброз намуд вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода зимни нишасти матбуотӣ.
Ба иттилои вазир, инчунин корҳои сохтмонию азнавсозӣ дар якчанд иншооти нақлиётии барои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ муҳим, аз қабили азнавсозии роҳҳои мошингарди Душанбе- Турсунзода (аз ҳайкали Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе), таҷдиди роҳи мошингарди Хуҷанд- Исфара, беҳтар намудани инфрасохтори Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе ва таҳиякунии АТИ роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа идома доранд.
Ҳоло 1618 нафар мутахассисон, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ба ҷараёни татбиқи лоиҳаи инвеститсионӣ ҷалб гардидаанд.

Август 2, 2016 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид