Ҳайати музофоти Хайнани Чин ба Тоҷикистон омад

Сентябрь 15, 2016 17:20

Душанбе, 15.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 сентябри соли 2016, ҳайати чинӣ таҳти роҳбарии аъзои Кумитаи доимӣ-сардори шуъбаи таблиғотии Ҳизби коммунистии музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин  Сюй Тзюн ба шаҳри Душанбе ташриф овард.
Мақсади ташрифи ҳайати чинӣ- таҳким бахшидани робитаву ҳамкории байни Тоҷикистон ва Чин, хусусан дар соҳаи рушди сайёҳӣ мебошад, ки дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафараш ба музофоти Хайнани Чин даъват ба амал оварда буд.
Сафари ҳайати чинӣ дар Тоҷикистон то рӯзи 18-умисентябр идома хоҳад ёфт. Дар ин муддат меҳмонон бо роҳбарияти Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, АМИТ «Ховар», Ҳукумати шаҳри Душанбе, Ҳизби Халқӣ- Демократии Тоҷикистон ва  ВАО мулоқот намуда, аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон, «Кохи Наврӯз» ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан менамоянд.

Сентябрь 15, 2016 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад