Ҷамъомади илмӣ дар мавзӯи «25- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон: дурнамо ва рушди минбаъда» дар Исломобод
Душанбе, 13.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябри соли 2016 дар шаҳри Исломобод бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дар ҳамкорӣ бо Институти таҳлил ва тадқиқоти стратегии Покистон, Донишгоҳи Қоиди Аъзам ва Институти омӯзиши сулҳ ва дипломатия ҷамъомади илмӣ дар мавзӯи «25- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон: дурнамо ва рушди минбаъда» баргузор гардид. Дар он муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Воҳид-ул-Ҳасан ширкат намуд. Дар оғоз Сафири Тоҷикистон изҳор намуд, ки бо шарофати истиқлолияти миллӣ баҳри худшиносӣ ва ҳувияти миллии тоҷикон заминаҳои наву муҳим ба миён омаданд. Дар натиҷаи сиёсати стратегӣ ва роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон пайдо гардид, ки Тоҷикистон аз буҳрони сиёсӣ ва фалаҷ шудани иқтисодиёт, ки бино ба оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба миён омада буданд, баромада, пешрафтҳои босуботи иқтисодиёт, корҳои бунёдкорию созандагӣ, сохтмони иншооти муҳими энергетикӣ, нақлиёт ва инфрасохтору нақлиёт, илму маориф ва иҷтимоиёт ба даст омаданд.
Шералӣ Ҷононов илова намуд, ки муносибатҳои дӯстона ва самимии роҳбарияти олии Тоҷикистон ва Покистон ба рушди бесобиқаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон дар ҳамаи соҳаҳо муосидат намуданд.
Сафири Тоҷикистон изҳор намуд, ки имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи он дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом барои Тоҷикистон муҳим мебошад.
Муовини вазири корҳои хориҷии Покистон Воҳид-ул-Ҳасан ба симмати намояндагии расмӣ дар оғоз аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик намуда, гуфт, ки маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба дастовардҳои муҳими иқтисодӣ-иҷтимоӣ ноил гардида, ба яке аз кишварҳои муҳими минтақа мубаддал гардад. Вай илова намуд, ки Тоҷикистон барои Покистон яке аз кишварҳои муҳим ба шумор рафта, дар Покистон онро чун «дарвозаи Осиёи Марказӣ» эътироф менамоянд ва бо боварии комил метавон гуфт, ки ин мамлакти дӯсту бародар боз қодир аст ба натиҷаҳои аз ин ҳам баландтарро ба даст оварад.
Ӯ илова намуд, ки Покистон дар давраҳои мушкил ва беҳтари он ҳамеша дар паҳлӯи Тоҷикистон буд ва хоҳад монд.
Дар ҷамъомад намояндагони расмии Покистон, олимони варзида, сафирҳои собиқадор, тадқиқотчиёну таҳлилгарони сиёсии кишвари мазкур, рӯзноманигорон, олимон, ҷавонону донишҷӯён ширкат доштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






