Ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон
Душанбе, 21.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон 19 сентябри 2016 дар меҳмонхонаи «International Hotel Tashkent» зиёфати расмӣ орост.
Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Икромов, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Ниёзхоҷаев, роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои хориҷӣ, сарварон ва кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналхалқии муқими Тошканд, арбобони илму фарҳанг ва санъат, хабарнигорони воситаҳои ахбори омма ва ҳамватаноне, ки дар Ӯзбекистон иқомат доранд, иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Имомӣ зиёфати расмиро бо сухани табрикотӣ ифтитоҳ намуд.
Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Насиба Абдуллоева бо сурудҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ хотири ҳозиринро шод гардонд. Зимни пазироӣ филми мустанад дар бораи таърих, табиат, фарҳанг, анъана ва дастовардҳои навини Тоҷикистон пахш гардид.
Дар толори макони ҷамъомад гӯшаи этнографӣ дар бораи таъриху фарҳанги бостонӣ ва анъанаҳои ғании миллати тамаддунофари тоҷик ташкил карда шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






