Баррасии таҳкими заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишвар дар мулоқоти С. Аслов ва Э.Абдилдаев

Сентябрь 16, 2016 09:00

Душанбе, 16.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябри соли равон дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили дурнамо ва рушди ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистонро дар соҳаҳои ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, делимитатсияи сарҳадӣ, инчунин таҳкими заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин С.Аслов ва Э.Абдилдаев доир ба вазъияти минтақа мубодилаи афкор намуда, таҳкими минбаъдаи ҳамкории ду кишварро муҳим арзёбӣ намуданд.

Сентябрь 16, 2016 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд