Бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар назди деҳаи Сайёди ноҳияи Ҷомӣ шаҳри қадимеро кашф карданд

Сентябрь 13, 2016 10:33

Душанбе, 13.09.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар назди  деҳаи Сайёди ноҳияи  А.Ҷомӣ  шаҳри қадимеро кашф карданд, ки аз қалъа ва шаҳристон иборат аст.
Тавре  доктори илми таърих Давлатхоҷа Довудӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар айни замон дар ин ёдгорӣ ҳафриёт ҷараён дорад. Дар давоми ҳафриёт хонаҳои истиқоматӣ ва осори гуногун, аз қабили сиккаҳои Евкратид, сиккаҳои шоҳони кушонӣ- Ҳерай, Сотер Мегас Вима Такту, Вима Кадфиз ва Канишка, ҳайкалчаи гилии  модархудо, корди оҳанӣ, кафлезчаҳои биринҷии фулузгудозон, дастмона  ва ангуштаринҳои биринҷӣ, муҳраҳои ақиқ, хумҳо ва кӯзача, шумораи зиёди  зарфпораҳои сафолӣ, далясангҳо, сангҳои уғурак ва чизҳои дигари бостонӣ пайдо карданд.
Дар асоси сиккаҳо муайян карда шуд, ки ин шаҳр на дертар аз асри I п.м. пайдо шудааст ва давраи нашъунамои он ба замони ҳукмронии Сотер Мегас — Вима Такту ва Вима Кадфиз, яъне ба асри  I м рост меояд.  Шаҳри Сайёд яке аз марказҳои муҳими иқтисодӣ ва фарҳангии водии Вахш дар замони кушониён будааст.

Сентябрь 13, 2016 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд