Боздошти марзшикан бо 1 килограмму 700 грамм героин дар соҳили дарёи Панҷ

Сентябрь 19, 2016 13:34

Хоруғ, 19.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили рӯдхонаи Панҷи деҳаи Барчиди ҷамоати Поршинев шаҳрванди 16-солаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Элчибек валади Назримамадро ҳангоми убур аз дарё ба воситаи чархи мошин дар соҳили дарё боздошт намуданд. Дар вақти кофтуков аз борхалтаи селофаниаш хокаи сафед ба миқдори 1 килограмму 700 грамм пайдо карданд.
Мутобиқи маълумотномаи Шуъбаи криминалистии РВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моддаи мазкур ба маводи нашъаовари навъи героин тааллуқ дошта, вазни холиси он 1 кг 700 граммро ташкил медиҳад. Сухангӯи ин агентӣ Гев Ошурмамадов изҳор дошт, дар ин амалиёт ба кормандони агентӣ шуъбаи иктишофии қисми низомии 2848-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ва кормандони Раёсати Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳамкорӣ намуданд.
Ба гуфтаи Элчибек валади Назримамад, вай 16-сола буда, дар деҳаи Саричашмаи вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон таваллуд шудааст. Ӯ гуфт, ки ба ин кор ӯро як шиносаш бо фиреб тела додааст.
-Агар ин маводро ба «манзил» расонӣ, дар бозгашт ба ту 300 доллар медиҳам,-гуфтааст шиносаш.
Аммо ниҳодҳои амниятию назоратии ҷумҳурӣ нагузоштанд, ки ин бори каҷ ба «манзил» расад.

Сентябрь 19, 2016 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид