Бозиҳои 1/8 — ниҳоии Ҷоми КФ «Истиқлол» ба анҷом расиданд
Душанбе, 1.09.2016 / АМИТ «Ховар» /. Дар Варзишгоҳи марказии пойтахт вохӯриҳои 1/8 -ниҳоии Ҷоми КФ «Истиқлол» бо ширкати дастаҳои футболи корхонаву муассисаҳо аз футболи хурд ба поён расиданд. Тими Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ-1), ду карат ғолиби ин Ҷом дар радифи ин бозиҳо бо натиҷаи 10:3 дастаи «Гумрук»-ро шикаст дод.
Дар ин бозиҳо тими «Истиқлол» аз дастаи «Динамо-2»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо ҳисоби 5:2 мағлуб шуд. «Истиқлол», ки соли гузашта дар вохӯрии ниҳоӣ иштирок карда буд, дар муқобили ҳамлагарони ин тим муқобилияти хуб нишон надод.
Дастаи «Вавилон» бар «Фароз» бо ҳисоби 6:4, «Бонки миллӣ» бар «Казкоммерсбонк» 8:0, «Динамо» бар «Дилкаш» 6:3, «Амонатбонк» бар «Фурудгоҳ» 5:1, «Ориёнбонк» бар «Суди олӣ» 3:2 ва «Антикоррупсия» бар «Инфосис» бо натиҷаи 10:3 ғолиб омада, ба бозиҳои ¼-ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Ба ҳамин тартиб, имрӯз «Динамо» бо «Ориёнбонк», «Амонатбонк» бо « Антикоррупсия», «Вавилон» бо ФФТ-1 ва «Динамо-2» бо «Бонки миллӣ» дар соати 18 вориди рақобат мешаванд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






