Дар Хатлон 105 нафар стипендияи президентӣ мегиранд
Қурғонтеппа, 22.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишомӯзии ҷавонон имтиёзҳои зиёде додааст. Яке аз он муқаррар намудани стипендияи президентӣ мебошад, ки барои ҳавасманд намудани наврасону ҷавонони соҳибилм таъсис дода шудааст.
Айни ҳол дар вилояти Хатлон 105 нафар гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд, ки ҳафтод нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.