Дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон боридани барфу борон дар назар аст

Сентябрь 5, 2016 15:42

Душанбе, 05.09.16. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи пешгӯии мутахассисон рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст.
Бинобар иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, 6-10 сентябр дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳарорати ҳаво 3-4 дараҷа поён рафта, эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои кӯҳии шарқи ҷумҳурӣ эҳтимоли боридани барф пешгӯӣ мешавад.
Пагоҳ, 6 сентябр дар вилояти Хатлон ҳаво дар водиҳо шабона 17-22, рӯзона 33-38 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳаво шабона 16-21, рӯзона 33-38 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, ҳаво шабона 12-17, рӯзона 32-37 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳаво шабона 12-17, рӯзона 32-37 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15, рӯзона 26-31; дар шарқи ин вилоят шабона 0-5, рӯзона 11-16 дараҷа гармиро ташкил хоҳад дод.

Сентябрь 5, 2016 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст