Дар ноҳияи Лахш табибони асабшинос, рӯҳшинос ва рентгенолог намерасанд
Лахш, 16.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сокинони ноҳияи Лахш ва масъулини Маркази саломатии ноҳия дар 25 соли даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва саҳмгузории сокинони ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 17 бунгоҳи тиббӣ ва як маркази саломатӣ бунёд намудаанд. Инчунин аз ҳисоби хазинаи Оғохон дар деҳаҳои дурдасти ноҳия 16 бунгоҳи тиббӣ сохта ва навсозӣ шуд, ки тавассути онҳо мушкилоти тиббии сокинон бартараф гардид.
Тибқи иттилои сардори Маркази саломатии ноҳияи Лахш Аҳтамбек Раҳимхонов, ҳамаи бунгоҳҳои тиббии навсохт ба қадри имкон бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудаанд.
Дар Маркази саломатии ноҳияи Лахш айни замон 23 нафар табиби маълумоти олидор фаъолият доранд, аммо норасоии табибони асабшинос, рӯҳшинос, бемориҳои пӯст, бемориҳои саратон, рентгенолог ва нарколог мавҷуд аст.