Дар Рашт нақшаи андоз дар ҳашт моҳ 113 фоиз иҷро гардид
Рашт, 06.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини нозироти андози ноҳияи Рашт дар байни андозсупорандагон оид ба дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани маърифату дониши андозсупории аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд, ки дар натиҷа нақшаи андоз дар ҳашт моҳи соли равон 113 фоиз иҷро гардид.
Илова ба нақшаи пешбинишуда 1 миллиону 310 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки он барои рушди соҳаи иҷтимоиёти ноҳия равона мегардад.