Дар шаҳри Хоруғ намоиш-фурӯши маҳсулоти ғизоӣ оғоз шуд, ки як ҳафта идома мекунад
Хоруғ, 05.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозори шаҳри Хоруғ намоиш-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия баргузор гардид.
Ба гуфтаи масъулини агентӣ: «Дар ярмаркаи мазкур, ки дар бозори «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» давоми як ҳафта идома меёбад, бештар аз 50 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Агар ин миқдор маҳсулот камӣ кард, дар анбори мо захираи кофӣ мавҷуд аст».
Яке аз харидорон, ки худро сокини ноҳияи Шуғнон Тайғуншо Музофиршоев муаррифӣ кард, ба Ҳукумати кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт: «дар остонаи ду ҷашни бузург- яке ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва дигаре иди Қурбон, баргузор кардани ин гуна намоишҳо кори савобу хайр аст. Чунин ярмаркаҳо ба тамоми қишри ниёзманди ҷомеа низ имконият медиҳанд, ки дар рӯзҳои ҷашн дастархони оилаи худро бо завқи дил оро диҳанд ва барои фасли зимистон сабзавоту меваҷотро бо нархи арзон харидорӣ ва захира намоянд».
Ба гуфтаи харидорон агар дар дигар бозору мағозаҳо нархи як халта орд 165-170 сомонӣ бошад, дар ин ҷо онро бо нархи 130-160 мефурӯшанд. Нархи дигар анвои маҳсулоти ғизоӣ низ барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа дастрас мебошад.
Намояндаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Валиҷон Давлатов гуфт, ки чунин намоиш-фурӯши маҳсулоти ғизоӣ дар тамоми марказҳои ноҳияҳо ва деҳоти дурдасти вилоят роҳандозӣ шудааст ва то як ҳафтаи дигар идома меёбанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






