Дар Восеъ соҳибкорон ба сохтмони иншооти таълимӣ ҷалб мешаванд

Сентябрь 1, 2016 08:56

Восеъ, 1.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Сироҷиддин Гурезов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ бо ҳидояти раиси ноҳия Мусо Ғафурзода бо ҷалби соҳибкори маҳаллӣ Назар Қосимов корҳои сохтмонии 10 синфхона, 1 толори варзишӣ дар деҳаи Заркорони ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов, бо ташаббуси М. Ҷумъаев, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 бинои иловагии дорои 5 синфхона, бо ташаббуси С.Акрамов, сархатиби ноҳия 8 синфхона дар деҳаи Гулафшони ҷамоати Гулистон оғоз гардидаанд.
Бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Ҳ. Файзов дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев дар арафаи соли хониш соли 2016 толори варзишӣ ба истифода дода мешавад.
Дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №15, 29, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 дар соли нави таҳсили 2016-2017 ба истифода дода мешаванд.
Сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61, биноҳои иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6, 20, 58 ва синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64 идома дорад.

Сентябрь 1, 2016 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»