Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Фаластин имрӯз вориди рақобат мешавад

Сентябрь 6, 2016 16:50

Душанбе, 6.09.2016 / АМИТ «Ховар» /. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон баъди ба шаҳри Хиврон расидан (арабҳо онро Алхалил ном мебаранд), шоми дирӯз дар варзишгоҳи «Дуръа» машқҳои худро ба сомон расонд ва имрӯз дар соати 22:00 ба вақти Душанбе бо тими мунтахаби Фаластин дар як дидори дӯстона вориди рақобат мешавад.
Тавре сомонаи ФФТ хабар медиҳад, Ойбек Абдуғаффоров, намояндаи клуби футболи «Ҳосилот» бо сабаби таби баланд доштан дар машқҳо ширкат наварзид ва гумон аст, ки дар бозӣ ширкат намояд. Дар ин вохӯрӣ футболбозони мо бо пироҳанҳои сафед ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Ин масъала дар ҷаласаи роҳбарияти дастаҳо ҳалл гардид ва дар мавриди ивазкунии бозингарон дастаҳо ба тавофуқ расиданд, ки ҳар даста имкон дорад 6 нафар бозингарро дар ҷараёни вохӯрӣ иваз намояд.
Дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов аз пазироии олии мизбонон изҳори ташаккур карда, гуфт:«Бозиҳои дастаи мунтахаби Фаластинро хеле зиёд тамошо кардем ва он як дастаеро мемонад, ки ҳам дар хати дифоъ ва ҳам дар ҳуҷум муқтадир аст. Мо бо ин тим бозие нишон хоҳем дод, ки табъи дили мухлисон бошад».
Капитани дастаи мунтахаби кишварамон Нуриддин Давронов низ дар тақвияти суханҳои сармураббӣ арз кард, ки «Ду сол қабл мо дар Бозиҳои Осиёӣ дар Гуанҷоуи Чин бо тими Фаластин вохӯрда будем ва он вақт тими мо бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуб шуд. Ҳоло ҳайати дастаи мунтахаби кишварамон аз ҷавонон таркиб ёфтааст ва умед дорем, ки дар ин вохӯрӣ натиҷаи қонеъкунанда ба даст хоҳем овард».
Ба ҳамин тартиб, баъди бозии дӯстона дар Фаластин тибқи қарордод футболбозони ин кишвар барои бозии таҷрибавӣ ба Душанбе меоянд.

Сентябрь 6, 2016 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад