ҶДММ «Зода» дар намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ғизоии «WorldFood Moscow 2016» соҳиби медали тилло гардид
Душанбе, 20.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 15 сентябри соли равон дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия 25-умин намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ғизоии «WorldFood Moscow 2016» доир гардид.
Дар он намояндагони корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокии вилояти Суғд — ҶДММ «Зода», ҶДММ «Субҳи Ватан», ҶДММ «Абрикос ва К», ҶДММ «Оро Исфара» ва ҶДММ «Исфарафуд» иштирок ва молу маҳсулоти худро пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин дар доираи намоишгоҳ намояндагони вилояти Суғд бо мақсади содироти маҳсулот, воридоти технологияи нав барои коркарди маҳсулот ва ташкили корхонаҳои муштарак бо роҳбарони як зумра ширкатҳо вохӯриҳо анҷом дода, шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Дар 25-умин намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ғизоии «WorldFood Moscow 2016» аз 65 давлати дунё 200 ширкат маҳсулоти худро ба намоиш бароварданд, ки аз байни онҳо маҳсулоти ҶДММ «Зода» беҳтарин дониста шуда, ғолиби озмун ва соҳиби медали тилло гардид.
Дар ин бора аз хадамоти матбуотии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






