Доктори илмҳои тиб: «Фазои олуда аз чангу ғубор боиси ба организми инсон ворид шудани микробҳои касалиовар мегардад»

Сентябрь 30, 2016 16:57

Душанбе, 30.09.16./АМИТ «Ховар»/. Таъсири обу ҳаво ба ҷинсияти одам хеле муҳим мебошад, зеро инкишофи одам аз таъсири муҳити зист вобаста аст. Фазои олуда аз чангу ғубор муҷиби ба организми инсон ворид шудани микробҳои касалиовар мегардад. Масалан, зани ҳомиладор вақте ки чангу ғубори ҳаворо нафас мекашад, зарраҳои он ба шуш ворид шуда, бо хун якчоя мешаванд, ки ин ба инкишофи ҷанин метавонад халал расонад. Дар таркиби чангу ғубор оксиди оҳан ва дигар оксидҳо мавҷуданд, ки алалхусус ба мағзи сари ҷанин таъсири манфӣ мерасонанд.
Ин нуктаро зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» доктори илмҳои тиб, муовини директори Маркази илмии клиникавии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакон Абдусалом Воҳидов зикр намуда, иброз дошт, ки пургарду ғубор шудани ҳаво ба вазъи саломатии бемориҳои диққи нафас, буғумдард ва фишори хуну нафас низ зарар мерасонад. Ин ашхос бояд дар ин рӯзҳо бе зарурат аз манзили худ берун нашаванд .

markazi-ilmii-klinikaviiТибқи назари мутахассис, бар асари ғуборолуд гаштани ҳаво бемориҳои модарзодӣ, узвҳои нафаскашӣ, варами ҳалқ бештар хуруҷ мекунанд ва номураттабии кори рагҳои дилро ба вуҷуд меоранд, ки ин ба саломатии ин гуна беморон хатари ҷиддӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки аз шаби гузашта инҷониб дар Тоҷикистон хокбориш «талотум» дорад ва он тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро ғуборолуд намудааст. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғубори чанголуд бо номи «боди афғонӣ» аз ҷониби Қазоқистон ва Сибир бошиддат вазида, бо сабаби ҳаракати зиддисиклони ғарбӣ аз Урал ҷумҳуриро фаро гирифтааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳавои ғуборолуд то 2 октябр идома меёбад. Ҳавои сард ду рӯз идома ёфта, аз 3 октябр баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст.

Сентябрь 30, 2016 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад