«Эҳёи Шоҳроҳи Абрешим ва иштироки кишварҳои Осиёи марказӣ»- конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар ДМТ
Душанбе, 20.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси байналмиллалии илмӣ-амалии «Эҳёи Шоҳроҳи Абрешим ва иштироки кишварҳои Осиёи марказӣ» доир гардид.
Дар конфронс ҷонишини директори Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Санат Кушкумбаев дар мавзӯи «Долони нақлиётии Авруосиё ва Қазоқистон: имконият ва мушкилот», сардори маркази идораи инноватсионии Донишгоҳи давлатии Синтсзян профессор Сун Хуэй дар мавзӯи «Ҷойгоҳ ва нақши Чин ва Тоҷикистон дар бунёди Роҳи бузурги Абрешим» ва мудири шуъбаи Институти археология ва этнографияи АИ Туркманистон профессор Хан Дурди Гурбанов оид ба «Туркманистон дар Роҳи бузурги Абрешим: таърих ва тамоюлҳои муосир» маърӯза намуданд.
Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Эҳёи Шоҳроҳи бузурги Абрешим ва иштироки кишварҳои Осиёи Марказӣ» дар ду бахш баргузор гардида, бахши якум ба иқтисод, инфрасохтор, нақлиёт, боркашонӣ ва бахши дуюм ба геополитика, фарҳанг, туризм ва инноватсия бахшида шуд.
Конфронс 2 рӯз идома ёфта, 21 сентябр ҷамъбаст мегардад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






