Гумонбар дар куштори корманди нуқтаи мубодилаи асъор дар ноҳияи Ҷ. Расулов боздошт шуд
Душанбе, 02.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ошкор гардидани боз як ҷинояти вазнини солҳои пеш содиргардида бори дигар собит намуд, ки ҳеҷ як амали ҷиноятӣ бе ҷазо нахоҳад монд. Дар куштори корманди нуқтаи мубодилаи асъор дар ноҳияи Ҷ. Расулов шаҳрванд Мирҳалимов Олимҷон Баҳодурович, соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Ғулакандози ҳамин ноҳия, ки 25-уми ноябри соли 2012 содир гардид, то ҳанӯз нафари гумонбар номуайян буд.
Ҷинояти мазкур дар радифи дигар ҷиноятҳои изтиробангези дар ҳудуди вилояти Суғд содиргардида, ба фаъолияти касбии ҷабрдида алоқамандӣ дошт.
Гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ то лаҳзае, ки изи ҷиноят чеҳраи гумонбарро муайян насохт, бо боварӣ ҳаракатҳои фаврӣ- тафтишотӣ мегузаронид. Ҳамчун гумонбар дар ҷинояти мазкур шаҳрванд Ишонқулов Абдулло Мирзоқулович, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷ.Расулов дастгир гардид. Хоҳиши ба даст овардани маблағҳои калон гумонбаршавандаро водор менамояд, ки роҳи ҷиноятро ихтиёр кунад. Абдулло Ишонқулов дар танҳоӣ бо истифода аз корди хоҷагӣ ва расонидани се захми марговар ҷинояти мазкурро содир намудааст.
Нуқтаи ивази асъор, ки мавриди ҳамлаи гумонбаршаванда қарор гирифтааст дар кӯчаи Рӯдакии шаҳраки Пролетар, дар рӯ ба рӯи бозори марказии ноҳия ҷойгир гардидааст. Ҷиноят рӯзона тахминан соатҳои 09:30 содир шудааст. Гумонбаршаванда ба тафтишот нишон дод, ки дар аввал кӯшиш мекунад бо истифодаи қувваи ҷисмонӣ аз ҷабрдида маблағҳояшро тасарруф намояд, вақте ба муқобилият рӯ ба рӯ мешавад, аз корд истифода намуда, як маротиба ба гардан ва ду маротиба ба шиками ҷабрдида зарба зада, ҷойи ҳодисаро тарк мекунад. Ғанимати рӯёнидаи гумонбаршаванда 54 сомониро ташкил дод, ки ин миқдор пулро Абдулло Ишонқулов бар ивази ҳаёти ҷавони 26-сола ба даст овардааст. Ҳамчунин дар рафти ҳаракатҳои тафтишотию фаврӣ муайян шудааст, ки пеш аз ҷинояти куштор Ишонқулов дар ҳудуди ноҳияи Ҷ. Расулов ҷиноятҳои дуздӣ ва баъди ҷинояти одамкушӣ дар ҳайати гурӯҳ ҷинояти ғоратгарӣ низ содир намудааст.
Феълан аз рӯи далели ҷинояти одамкушӣ нисбат ба Абдулло Ишонқулов бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, мутобиқи талаботи моддаҳои 244 ва 249 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (дуздӣ ва роҳзанӣ) қарор барои оғози парванда қабул гардида, мақомоти Прокуратураи ноҳияи Ҷ.Расулов тафтишоти пешакӣ бурда истодааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






