Ифтитоҳи хонаи саломатӣ дар деҳаи Сомониёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Душанбе, 21.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр дар деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Хонаи саломатии «Сомониён» мавриди истифода қарор дода шуд. Он аз ҳуҷраи қабулу муоинаи беморон ва утоқи корӣ барои табибон иборат мебошад.
Хонаи саломатӣ ба маблағи 230 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва 11 ҳазор сомонӣ саҳми 4 нафар соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, барои расонидани кумаки аввалини тиббӣ, муоина ва назорати доимии саломатии модару кӯдак мусоидат мекунад.
Дар расми ифтитоҳи хонаи саломатӣ роҳбарияти ноҳия, кормандони соҳаи тиб ва сокинони ҷамоати деҳоти Исфисор иштирок намуда, таъкид доштанд, ки эълон гардидани «Соли 2016-соли фарди солим» дар вилояти Суғд таваҷҷуҳ ба ин соҳаро бештар гардонида, бо таъмиру таҷдид ва таҷҳизи марказҳои саломатӣ сатҳи хизматрасонӣ баланд гардид.
Имрӯзҳо дар ҷамоати деҳоти Исмоил ва Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони ду хонаи саломатӣ идома дорад ва онҳо то охири соли равон мавриди истифода қарор дода мешаванд.