«Кӯлобгаз» аҳолиро зина ба зина ба шабакаи гази табиӣ пайваст менамояд
Кӯлоб, 15.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сеюм аст, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Кӯлобгаз» як қисми аҳолии шаҳри Кӯлобро бо гази табиӣ таъмин менамояд. Мавриди зикр аст, ки баъди аз кор баромадани ҷоҳҳои гази Хоҷасартез ва Балҷувон як муддат интиқоли гази табиӣ дар шаҳри Кӯлоб қатъ гардида, баъди аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ҷалолиён» таъмир намудани яке аз ҷоҳҳои гази Хоҷасартез интиқоли газ ба шаҳри Кӯлоб дубора барқарор гардид.
Тавре Бахтиёр Ҷалолов, роҳбари ҶСК «Кӯлобгаз» иттилоъ дод, дар «Кӯлобгаз» барои барқарор намудани таҷҳизоти газрасон ва қубурҳо ду бригадаи таъмирӣ ва ёрии таъҷилии техникӣ ташкил карда шудааст, ки ҳамарӯза таҷҳизоти фарсудашударо иваз менамоянд. Роҳбарияти корхона бо шаҳрвандон шартнома баста, рӯз ба рӯз шумораи муштариёнашро зиёд менамояд, вале то ҳанӯз дар самти таъминоти гази табиӣ аз ҳисоби кӯҳнаю фарсуда гардидани таҷҳизот ва қубурҳои газгузар коргаронро мушкилӣ дунболагир аст. Бо истифода аз шароити мавҷуда ҷамъияти «Кӯлобгаз» маҳаллаҳоро зина ба зина ба шабакаи гази табиӣ пайваст менамояд.
Роҳбарияти корхона барои сари вақт супоридани ҳаққи истифодаи газ ва ҳавасмандии онҳо байни маҳаллаҳо, хонаҳои истиқоматӣ ва муштариён озмун эълон карда, ба муштарии беҳтарин, хонаи беҳтарин ва маҳаллаи беҳтарин сипоснома ва туҳфаҳо тақдим карданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






