Нақши калидии Пешвои миллат дар эҳёи соҳаҳои саноати истихроҷу коркарди маъдан ва геология

Сентябрь 22, 2016 12:13

Душанбе, 22.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба истиқболи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолият ва бо мақсади шинос намудани доираи васеи хонандагони дохилу хориҷи кишвар бо дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан дар соҳаҳои воқеии иқтисоди кишвар, аз ҷумла саноати истихроҷу коркард, металлургияи сиёҳу ранга, инфрасохтори муосир, инчунин ташкили марказҳои таълимию рекреатсионӣ, инфрасохтори сайёҳӣ ва шиносонидан бо табиати зебою дилфиреби ватани азизамон, дар ҳамкорӣ бо яке аз куҳантарин маҷаллаи дунё- «Горный журнал» (Федератсияи Русия), шумораи махсуси ҷашнӣ вобаста ба ин санаи муҳими таърихӣ нашр гардид.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таъмин намудани сифати мақолаҳои нашршаванда барои анҷоми ин иқдом докторону номзадҳои илм, кормандони масъули вазорату идораҳои соҳавӣ, роҳбарони як зумра ташкилоту корхонаҳои саноатӣ ва мутахассисони варзидаи кишвар ҷалб гардиданд.
Дар маҷалла таҳлилҳо оид ба дастовардҳои даврони истиқлолият дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ муфассал барои хонандагон маҷалла пешниҳод мегарданд. Боиси ифтихор аст, ки зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин даврони аз нигоҳи таърихӣ начандон тўлонӣ, иқтисодиёти кишвар ба дастовардҳои назарраси воқеӣ ноил гардид. Аз ҷумла, бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ истеҳсоли неруи барқ 1300 мВт нисбат ба даврони Иттиҳоди Шўравӣ зиёд гардид. Истихроҷи ангиштсанг дар ин давра ба як миллиону чилу ду ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 2010 ум 5 маротиба зиёд мебошад. Ҳамчунин зиёда аз ин 210 корхонаи саноатӣ бинобар набудани дастрасӣ ба гази табиӣ фаъолияташонро ба ин намуди сўзишворӣ гузарониданд. Агар дар соли 2010 истеҳсоли семент ҳамагӣ ба 288 ҳазор тонна баробар мегардид, пас ин нишондиҳанда дар соли 2015 ба як миллиону чорсад ҳазор тонна расонида шуд. Воридоти ин намуди маҳсулоти сохтмонӣ аз як миллиону панҷоҳу ду ҳазор тоннаи соли 2013 то 101 ҳазор тонна дар соли 2015 тонна коҳиш ёфтааст. Ҳаҷми воридоти семент дар шашмоҳаи аввали соли 2016 ҳамагӣ ба 30,5 ҳазор тонна баробар мебошад. Дар соли 2015 дар соҳаи комплекси саноати кӯҳӣ 380 корхона фаъолият намуданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти онҳо 3984 млн сомониро ташкил намуд. Ин нишондиҳанда 38% ҳаҷми маҳсулоти саноатии кишварро дар ин давра ташкил мекунад.
Инчунин дар маҷалла мавод оид ба нақши роҳҳои мошингард дар баровардани кишварамон аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтмони роҳҳои мошингард ва роҳи оҳани дорои аҳамияти ҷумҳуриявию минтақавӣ, рушди хизматрасониҳои рекреатсионӣ ва сохтмони инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дарҷ гардидаанд.
Таъсиси донишгоҳу донишкадаҳои кӯҳӣ-металлургӣ, техникӣ, энергетикӣ ва филиалҳои ДДМ ба номи М.В. Ломоносов, хӯлаю пӯлоди Маскав дар дохили кишвар барои омода намудани мутахассисон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати имрўзи кишвар мебошад, ки имкониятҳои ин соҳа низ аз мадди назар дур намондаанд.
Махсусан дар маҷалла нақши калидӣ доштани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи саноати истихроҷ, коркарди маъдан ва геология, ки дар мақолаи муовини Сарвазир Азим Иброҳим «Сиёсати давлатӣ дар рушди маҷмӯи саноати кӯҳӣ» таҷассум гардидааст, ба таври возеъ инъикос ёфтааст.
Маҷаллаи мазкур мутобиқ ба талаботи стандартҳои минтақавию байналмилалӣ буда, барои истифода бурдани донишҷӯён, кормандони соҳаи саноати истихроҷ ва коркард, геология, инчунин доираҳои васеи илмию тадқиқотии кишвар тавсия дода мешавад.

Сентябрь 22, 2016 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад