Ноҳияи Сангвор зода ва ҳамқадами замони истиқлолият аст

Сентябрь 21, 2016 11:08

Душанбе, 21.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Сангвор зода ва ҳамқадами замони истиқлолият аст. Дар зарфи 25 соли истиқлолият маркази ноҳияро биноҳои зебову замонавӣ оро дода, кӯчаву растаҳо зеботару дилкаштар гардидаанд.
Cиёсати пешгирифтаи давлати соҳибистиқлоламон дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа татбиқи амалӣ пайдо намуда, самараҳои муассир ба бор оварда истодаанд. Натиҷаи неки ин сиёсат, пеш аз ҳама, пойдору устувор будани сулҳу суботи ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва нисбат ба солҳои пешин беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, инчунин бар асари вусъат ёфтани созандагию бунёдкорӣ торафт беҳтар гаштани шароити хизматрасонии иншооти таъминоти иҷтимоӣ ва ободу зебо гардидани деҳоту ноҳияҳо мебошад.
Масоҳати ноҳияи Сангвор 5984 ҳазор км2 буда, аз рўи маълумоти расмӣ шумораи аҳолии ноҳияи Сангвор охири соли 2015 ба 22 037 нафар расидааст, ки дар муқоиса ба соли 1991 ба андозаи 47,0 дарсад ё 11737 ҳазор нафар зиёд шудааст.
Дар соли 2015 шумораи умумии аҳолии ноҳия 22 ҳазор нафарро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаригардида 1,3 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Сентябрь 21, 2016 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»