Паҳлавонони тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ соҳиби ду медал гардиданд
Душанбе, 07.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар Ҷашнвораи байналмилалии ҳунарҳои размӣ, ки рӯзҳои 3 ва 4 сентябр дар шаҳри Чҳонҷӯи Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, ду медали нуқра ба даст оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Хотиррасон менамоем, ки барномаи мусобиқот 15 намуди варзишро дарбар мегирифт. Дар сабқати самбои размӣ Тоҷикистонро ду варзишгар- Сайриддин Шоев дар вазни то 74 кило ва Муҳаммадризо Қурбонзода дар вазни то 100 кило намояндагӣ карданд. Ҳарду паҳлавони тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Дар қувваозмоии ниҳоӣ Сайриддин аз гӯштингири Узбекистон Шербек Рӯзиев ва Муҳаммадризо аз варзишгари Муғулистон Ариунерден Батбаяр мағлуб гашта, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






