Тадқиқоту кашфиёти занони олимаю ихтироъкор дар рушди илми муосир назаррас аст

Сентябрь 2, 2016 11:46

Душанбе, 02.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаёти бонувони кишвар таъсири амиқ гузошта, иштироки васеи занонро дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлат таъмин намуд». Ин нуктаро имрӯз раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода зимни баргузории конфронси ҷумҳуриявии «Саҳми занон дар рушди илм» дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.
Идигул Қосимзода илова намуд, ки аз солҳои аввали мустақилият проблемаи беҳтар гардонидани шароити эҷодӣ барои занон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошт. Имрӯз тавассути амалӣ гаштани қонунҳо, стратегия ва консепсияҳо нақши назарраси занон дар рушди илми тоҷик хеле назаррас аст.
«Зиёд гаштани сафи занони олима, ҳунарманд, ихтироъкор, эҷодкор ва табибу омӯзгор шаҳодати сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бонувони тоҷик дар баробари мардон ба фаъолияти назариявию ихтироъкорӣ ва навоварӣ шуғл варзида, барои пешрафти соҳаи гуногуни хоҷагии халқ мусоидат мекунанд»,- гуфт раиси Кумитаи кор бо занон ва ҳамчунин баён дошт, ки: «Тадқиқоту кашфиёти занони олимаю ихтироъкор дар рушди илми ҷаҳон назаррас буда, мутобиқи омори пешниҳоднамудаи Маркази миллии патенту иттилоот ва Вазорати иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ шумораи бонувони ихтироъкори тоҷик ба 100 нафар расид ва онҳо бо ихтироъҳои арзишманди худ на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он сазовори ҷоизаҳо гардидаанд».
Дар ду соли охир занони ихтироъкори тоҷик дар намоишгоҳи байналмилалии дастовардҳои занҳои ихтироъкор ва соҳибкори ҷаҳон, ки дар шаҳри Сеули Корея баргузор гардид, ширкат варзида, соҳиби се медали тилло, се медали нуқра ва ду медали биринҷӣ гардиданд.

Сентябрь 2, 2016 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад