Тоҷикистон хостори густариши муносибатҳо бо Миср аст
Душанбе, 15.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 сентябри соли равон дар рӯзномаи мисрии «ал-Ҷумҳурия» мақолаи фишурдаи муовини сармуҳаррири нашрияи мазкур Ас-Сайид Ҳонӣ зери унвони «Хусрав Нозирӣ: Тоҷикистон хостори густариши муносибатҳо бо Миср аст» чоп гардид, ки матни тарҷумаи он дар зер омадааст:
«Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ таъкид намуд, ки дар марҳилаи оянда муносибатҳои дуҷониба байни Миср ва Тоҷикистон дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра шоҳиди ҷаҳиши калон хоҳанд шуд.
Ӯ гуфт, ки кишвараш ба кӯшишу талошҳои Миср ҷиҳати аз сар гирифтани раванди сулҳ дар Ховари Миёна ва нақше, ки Миср ҳангоми узвият дар Шӯрои Амнияти СММ дар ҳалли низоъҳои байналмилалӣ мебозад, арҷ мегузорад.
Дар суханронии худ ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон вай афзуд, ки Тоҷикистон муносибатҳои худ бо Мисрро гиромӣ медорад ва ба Миср дар аҳди нави он пешрафт орзу карда, аз иқдомоти он ба манзури такмили нақшаи роҳе, ки Мисрро ба масири дурусташ баргардонд, то ҷойгоҳи арзандаи худро дар маҳфилҳои байналмилалӣ ишғол кунад, истиқбол менамояд.
Ӯ рағбати кишварашро ба густариши муносибатҳои дуҷониба бо Миср ва расидани ин муносибатҳо то ба сатҳи орзуи мардумони тоҷику мисрӣ таъкид намуд».
Рӯзномаи «ал-Ҷумҳурия» яке аз калонтарин нашрияҳои чопии Миср буда, онро раисҷумҳури собиқи кишвар Ҷамол Абдунносир 7 декабри 1953 таъсис додааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






