13 октябр-Рӯзи ҷаҳонии басират
Душанбе, 13.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола панҷшанбеи дуюми моҳи октябр бо ташаббуси Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ Рӯзи умумиҷаҳонии басират (чашм) ҷашн гирифта мешавад. Ҳоло дар ҷаҳон 37 млн нобино ва тақрибан 300 млн нафарони қувваи босираашон суст ба қайд гирифта шудааст.
Амрулло Ғиёсов, духтури Маркази клиникии бемориҳои чашм зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки дар шароити имрӯза бештар ҷавонону наврасон ба сустшавии қувваи босира гирифтор мебошанд, ки сабаби аслии он нодуруст истифода бурдани технологияи нав аз ҷумла телевизиор, телефон ва компютер мебошад.
«Имрӯз бештари табобат ва барқарор намудани бемориҳои чашм аз худи инсон вобаста аст. Бояд ҳар нафар дар ҳолати гирифтор шудан ба ин беморӣ сари вақт ба духтур муроҷиат намояд. Аз ҷумла бемориҳои пардаи чашм, хуншории дохили чашм, наздикбинӣ, дурбинӣ, дурбинии сину солӣ, бемориҳои илтиҳобии чашм ва баъзе оризаҳое, ки аз бемориҳои диабети қанд вобастагӣ доранд аз бемориҳое мебошанд, ки дар ҳолати сари вақт ба духтур муроҷиат намудан, метавонад барои барқарор намудани нури чашм мусоидат намояд»,- гуфт Амрулло Ғиёсов ва илова намуд, ки баъзе бемориҳое низ ба монанди нуқсонҳои модарзодии чашм, харобшавии асаби босира, доғҳои шабакаи чашм, набудан ва хурд будани чашм мавҷуд аст, ки табобаташон ғайри имкон мебошад.
Ҳамчунон духтури Маркази клиникии бемориҳои чашм иброз дошт, ки никоҳи хешу таборӣ низ метавонад яке аз омилҳои бо нуқсони бемории чашм таваллуд шудани кӯдак гардад.
«Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон 4 интернати махсусро ташкил намудааст, ки имрӯз 480 нафар нобиноён ва нафарони қувваи босираашон суст дар он таҳсил менамоянд»,- иброз дошт Турбек Давлатов, раиси Иттиҳодияи миллии нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иттиҳодияи миллии нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1937 фаъолият дошта, зиёда аз 7832 нафар аъзои ин ҷамъият мебошанд ва ҳамчунин барои ба қайд гирифтани нобиноён дар вилояту ноҳияҳои ҷумҳурӣ 10 филиали Иттиҳодияи миллии нобиноён мавҷуд мебошад.
«Имрӯзҳо нобиноён аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф дастгирии хуб мебинанд ва то ҳадди микон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Бояд иброз намуд, ки дар ҷумҳурӣ аз ҷумла вилоятҳои Бадахшон ва Суғду Хатлон наздик ба 1000 нафар нобиноён аз таҳсил дур буда, имконияти фаро гирифтани онҳо бо интернатҳои махсус мавҷуд нест»,- афзуд раиси Иттиҳодияи миллии нобиноён ва ҳамчунин ёдовар шуд, ки «Интернати нобиноёне, ки дар шаҳри Ҳисор мавҷуд аст зиёда аз 204 нафар нобиноён таҳсили илм мекунанд ва имконияти зиёд намудани ин шумора вуҷуд надорад. Агар аз тарафи вилоятҳои Хатлон ва Бадахшон барои сохта ба истифода додани чунин интернат барои нобтиноён иқдом гирифта мешуд, хело худ буд».
Турбек Давлатов ҳамчунон баён намуд, ки имрӯзҳо нобиноён мувофиқи қобилияти худ кору фаъолият доранд ва дар соли равон 30 нафар нобиноён ва нафарони қувваи босираашон суст ба макотибҳои олии касбӣ дохил шуда, таҳсил мекунанд.
Ҳамасола дар ҷаҳон 15 октябр барои нобиноён иди Асои сафед ҷашн гирифта мешавад. Шурӯъ аз соли 2004 вобаста ба ин рӯз ҷамъияти Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон рӯзи Асои сафедро бо нобиноён дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳо ҷашн мегиранд.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






