15 октябр-Рӯзи ҷаҳонии занҳои деҳот. Дар Тоҷикистон занони деҳотии хонанишин корхона бунёд мекунанд

Октябрь 15, 2016 08:18

zan-korhona2Хоруғ, 15.10.2016/АМИТ «Ховар»/.  Маҳсулоти корхонаи коркарди меваи донакдори деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон берун аз ВМКБ низ харидорони зиёд пайдо намудааст. Сардори ин корхона Некбахтсултон Давлатмамадова гуфт, ки «ин корхонаро дар ҳамкорӣ бо дугонаҳояш бунёд кардааст. Дар аввал онҳо 2 нафар буданд ва ҳоло теъдоди онҳо то ба 10 нафар расидааст. Корхона меваи туту чормағз ва зардолуро аз сокиони деҳоти ноҳия мехарад ва баъди ҷудо кардани донак аз мева онро дастгоҳҳои махсус, ки аз давлати Чин харидорӣ кардаанд, басту банд карда, ба бозор мебароранд. Дар як рӯз аз 1000 то 1300 қуттӣ маҳсулотро тавлид намуда, ба бозорҳои шаҳрҳои Хоруғ ва Душанбе мефиристонанд. Сайёҳони хориҷӣ низ ба маҳсулоташон мароқи зиед зоҳир мекунанд, зеро мо ба маҳсулоти худ ҳеҷ гуна моддаҳои кимиёиро изофа намекунем ва он аз ҷиҳати экологӣ комилан пок аст».

Ин соҳибкори навкор гуфт, ки баъди ташкили  корхонаи мазкур на танҳо занон соҳиби маблағ гаштанд, балки вақти онҳо низ акнун хуш мегузарад. Ба ҳамдигар дарди дил мекунанд, маслиҳат медиҳанд, рӯйдодҳои деҳаи худ ва деҳоти ноҳияро муҳокима менамоянд. Ин корхона зиндагии занонро рангин сохт. Некбахтсултон гуфт, ки кӯшиш мекунад бинои корхонаро васеъ ва шумораи занонро зиёду шароити корашонро беҳтар созад. Боз ният дорад, ки дар деҳа «Кошонаи ҳусн» бунёд кунад. Мегӯяд, ки агарчӣ занони деҳотӣ бе оро додан ҳам зебоянд, аммо ӯ мехоҳад онҳоро зеботар бубинад.

То ба ҳол  корхона меваҷотро аз сокинони деҳот харид мекунад. Агар маҳсулоти хом аз худашон бошад, нархи он арзонтар мешавад. Небахтсултон гуфт, ки «ба наздикӣ бо ирсоли як нома аз раиси ноҳия тақозо кардааст, то барояш қитъаи замини нокорам барои бунёди боғ ҷудо кунад. Агар ин масъала мусбат ҳал шавад, вазъияти молии корхонаашон боз ҳам рӯ ба беҳбудӣ меорад».

Ба суоли он ки дар бораи Рӯзи байналмилалии занони деҳот оё иттилоъ дорад, гуфт, ки «не, аммо хеле хушҳол шуд, ки чунин ид вуҷуд доштааст». Ин соҳибкори деҳотӣ аз мақому мартабаи зан дар ҷомеа комилан розӣ аст ва ба ин хотир ба Сарвари давлат изҳори сипос менамояд. Бо табассум илова кард, ки «мехоҳад ҳукумати кишвар  соли ояндаро «Соли дастгирии занони деҳотӣ» эълон кунад, то фосила байни зиндагии занони деҳотӣ ва шаҳрӣ камтар шавад».

Октябрь 15, 2016 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад