27 октябр-Рӯзи умумиҷаҳонии мероси аудиовизуалӣ. И. Саидов: «Маводи Хазинаи тиллоӣ аз тарзи аналогӣ ба тарзи рақамӣ гузаронида шуд»

Октябрь 27, 2016 17:12

Ҳифзу нигаҳдории мероси аудиовизуалии ҷаҳон-ин нигаҳдории хотираи гурӯҳии хеш ва интиқоли он ба наслҳои ояндаи худ аст. Мо бояд гузаштаи хешро бидонем, то ки ояндаи худро дар асоси муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ бо ҳам бунёд созем.

                                  Ирина Бокова, директори генералии ЮНЕСКО 

 Душанбе, 27.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. ЮНЕСКО соли 2005 дар сессияи 33-юм қарорро оид ба эълон намудани рӯзи 27 октябр ҳамчун «Рӯзи умумиҷаҳонии мероси аудиовизуалӣ» (World Day for Audiovisual Heritage)  қабул намуд. Дар қарор таъкид карда мешавад, ки барои ҳифзу нигаҳдошти мероси аудиовизуалӣ кӯшишҳои махсус бояд равона карда шаванд. Маҳз ба ин хотир аст, ки ҳамасола тадбирҳои ин рӯз ба паҳлӯҳои гуногуни мушкилоти дар ин соҳа ҷойдошта равона карда мешаванд.

Ба мероси аудиовизуалӣ филмҳо, баномаҳои радио ва телевизион марбутанд. Паҳнкунии маълумот ба тариқи воситаҳои аудиовизуалӣ дар асри 20 хеле маъмул гашт ва айни замон маҳз онҳо интиқолдиҳандаи маълумоти аввалиндараҷа маҳсуб мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳо мероси аудиовизуалӣ ҳифзу нигаҳдорӣ карда мешавад. Бо ин мақсад дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хазинаи тиллоӣ фаъолият мекунад, ки дар он ҳазорон оҳангу тарона ва садоҳои чеҳраҳои маъруфи тоҷик  нигаҳдорӣ ва ҳифз карда  мешаванд.

Директори бойгонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Исматулло Саидов роҷеъ ба фаъолияти хазина ва нигаҳдории суруду таронаҳо дар он чунин гуфт: «Хазинаи тиллоии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун манбаи ягона ва бесобиқа барои таъмини бахшҳои калидии фарҳангиву илмӣ ба филмсозон, муаррихон ва донишмандону журналистон хидмат мекунад. Теъдоди суруду таронаҳои хазина хеле зиёд мебошад. Дар Хазинаи овози радиои Тоҷикистон суруду таронаҳои устодони санъати тоҷик Акашариф Ҷӯраев, Аҳмад Бобоқулов, Ҳоҷӣ Аҳмадов, Тӯҳфа Фозилова, Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова, Абдулло Абдураупов, Нуқра Раҳматова, Карим Қосимов, Орифшо Орипов, Маҳбуба Боҳирова, Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Тоҷиддин Муҳиддинов, Кароматулло Қурбон, Муқаддас Набиева, умуман тамоми суруду таронаҳои чеҳраҳои намоёни санъати мусиқии тоҷик маҳфузанд».

Ба гуфтаи Исматулло Саидов, муҳлати истифодаи ҳама маводе, ки ба Хазинаи тиллоӣ ворид шудаанд, абадӣ аст. Дар хазина тасмим гирифта шуд, ки тамоми мавод аз лентаҳои магнитӣ ба  дискҳои ҳозиразамон гузаронида шаванд. «Хушбахтона, имрӯз мо барои 3 ҳазор соат тавонистем маводи лентаҳои магнитии дар қарни гузашта сабтшударо ба дискҳои ҳозиразамон гузаронем. Яъне, ин мавод аз тарзи аналогӣ ба тарзи рақамӣ гузаронида шуданд, ки ин кори бойгониро хеле осон намуд».

Дар мавриди фаъолияти Хазинаи видеоӣ дар Телевизиони Тоҷикистон И. Саидов гуфт: «Дар хазинаи видеоии филмҳо дар Телевизиони Тоҷикистон ҳоло  7948 фиттаи дорои барномаҳои асил маҳфузанд ва онҳо ба идораҳои гуногуни телевизион тааллуқ доранд. Имрӯз мо филмҳои зиёди телевизионӣ, чун «Марги судхӯр», «Рустам ва Сӯҳроб», «Коваи Оҳангар», «Ҳасани аробакаш» ва барномаю намоишномаҳои зиёдро дар ин хазина нигоҳдорӣ мекунем.

Барномаву намоишҳои идораҳои «Ахбор» ва идораи сиёсӣ, ки  дар онҳо гузоришҳо ва сафарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он сабт шудаанд, дар хазина нигоҳдорӣ  мешаванд.

Директори бойгонии Кумита дар мавриди нақши Хазинаи тиллоии Кумита дар рушди фарҳангу санъати муосири тоҷик гуфт: «Хазинаи тиллоие, ки дар Радиои Тоҷикистон мавҷуд аст, дар ягон ташкилоти дигар вуҷуд надорад. Дар ин ҷо шурӯъ аз асарҳои устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, то садои санъаткорони маҳбуби мо- Акашариф Ҷӯраев, Барно Исҳоқова, Тӯҳфа Фозилова, Шоиста Муллоҷонова ва асарҳои ниҳоят зиёди композиторони тоҷик Фозил Солеҳов, Зиёдулло Шаҳидӣ, Шарофиддин Сайфиддинов, Саид Ҳамроев, Қудратулло Яҳёзода ва дигарон мавҷуданд, ки асосан дар заминаи ҳамин мавод барномаҳои радиоиву телевизионӣ таҳия мешаванд. Агар ана ҳамин чизҳо набошанд, тартиб додани барномаҳо  номумкин аст. Хушбахтона, мо заминае дорем, ки дар асоси он барномаву гуфторҳои ҷолибу гуногун таҳия созем. Ин гувоҳ аз нақши калидии Хазинаи тиллоии Кумита дар рушди фарҳангу санъати муосири кишвар аст».

Ба таъкиди Исматулло Саидов, имрӯз зарур аст, ки аз дастовардҳои навини технологӣ бештар истифода бурда, роҳу усулҳои беҳтареро ёбем, ки оҷилияту беҳбудии сифати кор тавассути онҳо амалӣ гардад.

 

Мусоҳиб Шаҳлои Садриддин

Октябрь 27, 2016 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

МАЪРИФАТ — ПОЙДОР, ИЛМУ АДАБ — УСТУВОР. Дар ноҳияи Ёвон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
«Ҷойгоҳи зан дар даврони Истиқлол»-таҳти чунин унвон дар Левакант конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Ҳунарҳои мардумӣ бо усули «хона ба хона» ва «маҳалла ба маҳалла» тарғиб карда шуданд
Дар ноҳияи Муъминобод 26 китобхона фаъолият менамояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
Даври дуюми Фестивал-озмуни «Андалеб-2025» дар ноҳияи Рӯдакӣ аз рӯйи 12 номинатсия доир шуд
Дар ноҳияи Ёвон хонандагону омӯзгорон суханронии Сарвари давлатро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ тамошо карданд
Дар муассисаҳои таълимии вилояти Суғд соли нави таҳсил бо тамошои суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи дониш оғоз гардид
Дар Истаравшан татбиқи Лоиҳаи «Фаъолият дар самти таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон» баррасӣ гардид