36 нафар омӯзгорони Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ба сафи ҲХДТ пайвастанд
Душанбе, 12.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Руқия Раҳматзода 36 нафар омӯзгорони Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ба сафи аъзои ҲХДТ шомил гардида, соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Мудири кафедраи забонҳои Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат Шаҳноза Қодирова иброз намуд, ки «ҳамон ҳизбе ба ҳадафҳои худ ноил мешавад, ки агар он воқеан ҳам амаликунандаи орзуву омоли халқи худ буда, барномаи амалаш ба корҳои созандагию рушди кишвар нигаронида шуда бошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи Истиқлолият аст, воқеан ҳам татбиқкунандаи ормонҳои халқи худ буданро тӯли 22 соли арзи вуҷудаш исбот сохт. Барномаи амали он тавъам бо барномаи ҳукумати ҷумҳурӣ буда, ҳадаф аз татбиқи он тараққиёти мамлакат, пешбурди тамоми соҳаҳо ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, таъмини сулҳу ваҳдати комил дар қаламрави мамлакат ва минтақа мебошад».
Зикр шуд, ки дар шароити кунунии ҷаҳони зудтағйирёбанда дар баробари ба ҷавонон талқин намудани эҳсоси худшиносии милливу ғурури ватандорӣ, омўхтани таҳаммулгароӣ, инсондӯстӣ, арзишҳои башарию эҳтироми фарҳанги миллӣ хеле муҳим аст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






