Ҳайати будои Ҷопон ба Тоҷикистон меояд

Октябрь 18, 2016 14:32

Душанбе, 18.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 22 октябри соли равон ҳайати будои Ҷопон ба Тоҷикистон омада, дар толори гӯштини «Зӯрхона» намудҳои ҳарбзании ҷопонӣ: дзюдо ва кэндоро намоиш медиҳанд. Ҳамчунин 23 октябр дар ҳамкорӣ бо Федератсияи дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои омўзишии ҳарбзании ҷопонӣ баргузор мегардад.
Ба ҳайати коршиносони будо 8 нафар аз Муассисаи дзюдои Кодокан ва Федератсияи кэндои кулли Ҷопон шомил буда, мақсади асосии сафари ҳайат ба Тоҷикистон таҳким бахшидани муносиботи дӯстона байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷопон ва мусоидат намудан ба якдигарфаҳмӣ миёни ду кишвар тавассути намоиши будо — намуди ҳарбзании ҷопонӣ мебошад.
Муассисаи дзюдои Кодокан сарчашмаи пайдоиш ва паҳн гаштани дзюдо дар 200 кишвари дунё буда, аз ҷониби Кано Ҷигоро Шиҳан соли 1882 таъсис ёфтааст. Мақсади асосии муассисаи мазкур таълиму таҳсил, омӯзиш, рушд ва паҳн кардани дзюдои Кодокан ва ҳамчунин ҳиссагузорӣ дар қавӣ гардонидани ҷисму рӯҳи варзишгарони дзюдо, хоса варзишгарони наврас мебошад.
Федератсияи кэндои кулли Ҷопон (AJKF) соли 1954 таъсис ёфта, ба пешрафти кэндо мусоидат мекунад ва дар асл намояндаи кэндо байни ҳаваскорон мебошад.

Октябрь 18, 2016 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ